Дар Суғд барои шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, кумакпулӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати шоиста дар ақибгоҳ, ба муносибати ҷашни 72- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз 1 январи соли 2017 ба шахсоне, ки дар давраи ҷанг дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба ҳар яке дар як моҳ 80 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда мешавад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси вилоят ба тасвиб расидааст.
Қарори мазкур ба шахсоне, ки барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҷанг бо яке аз медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд, ҳуқуқи аз ин кумакпулӣ бархурдор гардиданро медиҳад.
Тибқи ин қарор Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор гардидааст, ки пардохти кумакпулиҳоро аз ҳисоби маблағҳои бо ин мақсад пешбинишуда амалӣ намуда, истифодаи мақсадноку самарабахши онҳоро таъмин намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






