Дар Суғд дар ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ 138 нафар ҳалок гардиданд
ХУҶАНД, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 12 моҳи соли 2016 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд 349 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Бар асари он 138 нафар ба ҳалокат расида, 363 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Аз шумораи умумӣ 97 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ба вуқӯъ омада, бар асари он 26 кӯдак ҳалок гашта, 75 нафар ҷароҳати гуногун бардоштанд.
Тавре ки аз БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сабабҳои асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, пеш аз ҳама, беаҳамиятӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят аз ҷониби ронандагону пиёдагардон мебошад. Сабаби дигар- ин аз меъёри муқарраршуда зиёд гирифтани мусофирон дар воситаи нақлиёт ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






