Дар таътили зимистона хонандагони вилояти Хатлон тарзи дурусти мутолиаи китобро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 31 январи соли 2017 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таътили зимистона муқаррар гардидааст. Бо мақсади бофароғат гузаронидани таътили зимистонаи хонандагон дар шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои гуногуни маърифатӣ ташкил карда шудаанд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар доираи барномаҳо бахшида ба таътили зимистонаи мактаббачагон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо хонандагони синфҳои 6-7-и литсейи давлатии «Ориёно» маҳфил дар бораи тарзи дурусти мутолиаи китоб баргузор гардид.
Тутиниссо Юсупова, директори китобхона зикр намуд, ки дар ин давра барои талабагони синфҳои 1 дар мавзӯъҳои «Қадами аввалин ба китобхона», «Истифодабарӣ аз хазинаи шуъба ва толори хониши бачагона», «Қоидаҳои муносибат бо китоб», барои синфҳои 2 «Шиносоӣ бо китобхона», «Сохти китоб», «Рӯзнома ва маҷаллаҳо барои кӯдакон», «Ифоданок ва таъсирбахш қироат намудани ашъор», барои хонандагони синфҳои 4-5 «Навиштани иншо аз рӯи асари мутолиашуда» машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
Дарвоқеъ китобхонӣ инсонро ба қуллаи мурод мерасонад ва мартабаашро дар ҷомеа баланд менамояд. Ин иқдоми пешгирифта барои баланд бардоштани завқи толибилмон нисбат ба китоб ва китобхонӣ мусоидат намуда, талабагон ба китобхонӣ шавқу рағбати бештар пайдо менамоянд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






