Дар ҷумҳурӣ се рӯзи оянда ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 9.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа, дар базе ҷойҳо то 35 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






