Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат ба Санкт-Петербург меравад
ДУШАНБЕ, 3.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол марҳалаи дуюми омодагиро ба мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия барпо мегардад, шурӯъ кард.
Сармураббии даста Виталий Левченко ин дафъа 22 бозингарро ба машқҳо даъват кардааст. Баробари ба анҷом расидани тамринҳо футболбозони мо дар ҳайати 18 бозингар ба макони баргузории мусобиқа сафар мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин 16 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Юнон (8 январ), Булғория (10 январ) ва Эстония (12 январ) бозӣ мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






