Дастаи мунтахаби футболи Афғонистон бозиҳои худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузаронад

Январь 25, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 25.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар соли равон бозиҳои хонагии худро дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мегузаронад. 28 март Афғонистон ба ҳайси мизбон дастаи мунтахаби Ветнамро дар Душанбе ба ҳузур мепазирад.
Дастаи мунтахаби Афғонистон бар асоси ин қуръакашӣ дар гурӯҳи «С» дар муқобили тимҳои Урдун, Ветнам ва Камбоҷа қарор гирифт.
Аз сабаби нооромӣ ва ташаннуҷ Конфедератсияи футболи Осиё гузаронидани мусобиқотро дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Яман напазируфт. Соли гузашта дастаи мунтахаби Афғонистон вохӯриҳои хонагии худро дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ва Осиё-2019 дар Эрон баргузор кард.

Январь 25, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст