Донишҷӯёни тоҷики кишвари Хабаровск аз Паёми Пешвои миллат ҷонибдорӣ карданд

Январь 7, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 7.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо аз ҷониби ҳамватанони дар Федератсияи Россия будаамон, ки дар он ҷо паи илмомӯзиву фаъолияти корӣ мебошанд, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилонаву сарҷамъона мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад. Донишҷӯёни тоҷики  Донишгоҳи политехникии шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Хабаровск, ки тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳи мазкур дохил гардидаанд,  аз суханҳои созандаву ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон ва пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 рӯҳбаланд гардиданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллат оид ба дастовардҳову дурнамои тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Донишҷӯён Акрам Мирзоев, Сайфуллои Иноят, Муборакшо Азизшоев ва чанде дигарон  бо ифтихору сарбаландӣ аз ободиҳову пешравиҳои Ватан ёдрас шуда, изҳор карданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириву боварии Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд бо донишу рафтори намунавӣ номбардори миллату Ватани хеш гарданд.  Онҳо ният доранд донишу илми омӯхтаашонро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон сарф намоянд.

Зимни вохӯрӣ раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амури ФР  Қосим Абдуллоев  донишҷӯёни тоҷикро  ба якдиливу сарҷамъӣ ва дӯст доштани Ватану миллати хеш даъват кард.

 

Садбарг БОҚИЕВА,

хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР

Январь 7, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст