Футбол: дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «А» гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Уммони Салтанати Урдун Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати ин қитъа байни занонро созмон дод. Аз рӯи натиҷаи ҳосилшуда дастаҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо шуданд ва дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Филиппин, Имороти Мутаҳидаи Араб ва Ироқ гурӯҳи «А»-ро ташкил кард.
Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Гонконг, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ дар гурӯҳи «В», Таиланд, Тайбейи Чин, Лубнон, Фаластин ва Гуам дар гурӯҳи «С», Ветнам, Эрон, Мянма, Сурия ва Сингапур дар гурӯҳи «Д» барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Аз рӯи тартиби қуръакашӣ се гурӯҳ аз панҷ даста ва як гурӯҳи дигар аз 6 даста таркиб ёфтанд.
Тавре пештар хабар дода будем, бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Душанбе аз 3 то 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Дастаи мунтахаби занонаи Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Ғолибони чор гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз мизбони бозиҳои ниҳоӣ- Урдун, се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар соли 2014 -Ҷопон, Австралия ва Чин мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ дода шудаанд. Тақвими бозиҳо дар гурӯҳҳо низ баррасӣ шуд.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Душанбе
Даври 1
3 апрел (душанбе)
Ироқ ТОҶИКИСТОН
Баҳрайн Урдун
Филиппин ОАЭ
Даври 2
5 апрел (чоршанбе)
Баҳрайн ТОҶИКИСТОН
Урдун Амороти Мутаҳидаи Араб (ИМА)
Филиппин Ироқ
Даври 3
7 апрел (ҷумъа)
ТОҶИКИСТОН Филиппин
ИМА Баҳрайн
Урдун Ироқ
Даври 4
10 апрел (душанбе)
ТОҶИКИСТОН Урдун
Ироқ ИМА
Филиппин Баҳрайн
Даври 5
12 апрел (чоршанбе)
АМА ТОҶИКИСТОН
Баҳрайн Ироқ
Урдун Филиппин
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






