Гулнора Ҳасанзода: «Пешниҳоди ҳисоботи электронӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шудааст»
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 аз ҷониби 1006 нафар шахсони масъули корхонаву муассисаҳо содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд. «Дар соли 2016 тибқи нақшаи корҳои маҷмӯӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии оморӣ 1765 санҷиши эътимоднокии маълумоти оморӣ гузаронида шуда, дар натиҷа нисбат ба 1006 нафар шахсони масъули корхонаву муассисаҳо ба маблағи умумии 279,4 ҳазор сомонӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуд»,-гуфт Г. Ҳасанзода.
Инчунин тиқби нақшаи кори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ҳисоботи омории соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ ва сохтмон низ бо усули электронӣ ба роҳ монда мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз моҳи сентябри соли 2016 инҷониб пешниҳоди хисоботи электронӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






