Хатлон: Назорати маҳсулоти хӯрокӣ пурзӯр карда мешавад
ҚӮРҒОНТЕППА, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон дар соли 2016 аз тарафи шуъба ва бахшҳои назоратии Марказ дар 1822 ҳолат санҷиш ва назорати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар 330 ҳолат амрияи манъ ва 425 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо дода шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, барои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ нисбат ба 486 шахси мутасаддии субъектҳои хоҷагидор парвандаҳои ҳуқуқвайронунӣ оғоз гардид ва онҳо ба маблағи 110 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра аз тарафи озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ ва кишоварзии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон 5 855 ташхис гузаронида шудааст, ки дар 340 ҳолат маҳсулоти ташхисшуда ғайристандартӣ дониста шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






