Хатлон: Таҷлили Наврӯз дар Фархор ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ёвон
ҚӮРҒОНТЕППА, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти баргузории ҷашнҳои вилоятии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа омодагиҳо ба таҷлили ин ҷашнҳо баррасӣ гардида, муовини аввали раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оид ба корҳои анҷомдода сухан гуфтанд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор кард, ки тибқи нақша бояд дар матбуот оид ба таърихи ҷашни миллии Наврӯз асарҳо таълиф шаванд. Ҳамзамон дар ҳар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву бунёдкорӣ ва шинонидани дарахтҳо ба роҳ монда шаванд.
Раиси вилоят зикр кард, ки имсол ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Фархор ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ёвон барпо мегарданд.
«Дар доираи ҷашнҳои дарпешистода ба истифода додани якчанд иншоот дар назар аст»,-гуфт Д. Гулмаҳмадзода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






