Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадӣ маводи мухаддир ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт намуданд
ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон дар як минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» 19 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони қутраш 12 мм бо тирдон ва тирҳояш мусодира карданд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, ин миқдор маводи нашъаовар ва лавозимоти ҷангӣ дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дарёфт гардид.
Ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, 2 январи соли 2017 соати 23:50 дар асоси маълумоти фаврии кормандони ВКД ҶТ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон дар як минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.
«Ҳангоми гузаронидани амалиёт гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 4 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор кардаанд»,-илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






