Худобердӣ Холиқназар: «Тоҷикистону Ӯзбекистонро муносиботи нек дар пеш аст»

Январь 9, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Муносиботи ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ин нуктаро 9 январ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни нишасти матбуотӣ бори дигар таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд оғоз гардидааст. Баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост. Ду кишвари ҳамсоя дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ Созишномаро дар бахши нақлиёт ба имзо расониданд, ки тибқи он дар соли 2017 байни ду кишвар парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд ва ҳаракати қатораҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар ин самт вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Инчунин масъалаи раводид ва осон намудани рафту омади сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар дар маркази таваҷҷуҳ ва мавриди баррасии вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.
Ҳамзамон бо дахли муносиботи Тоҷикистону Эрон Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки умед аст ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Эрон, ки умумиятҳо ва муштаракоти забонию фарҳангӣ доранд, дар оянда таҳким ёбад.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 январ ба Президенти  Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ номаи тасаллият ирсол намуд.

Январь 9, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст