Иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат шурӯъ гардид

Январь 13, 2017 12:16

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати Соли ҷавонон  ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» оғоз гардид.    Дар ин бора аз бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар гузаронида мешавад.
Дар рӯзи оғози ин маърака бо иштироки 20 нафар ихтиёриёни ҷавони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод зиёда аз 280 адад дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Январь 13, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст