Илҳом Амонзода: «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда низоми кредитиро ба роҳ монд»
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони рақобатпазирро дар риштаи технологияи саноати сабук ва хўрокворӣ тайёр менамояд. Донишгоҳ яке аз аввалин шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст. Дар ин бора Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда илова намуд, ки донишгоҳ аз рўи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўи 41 ихтисос дар зинаи магистратура мутахассис тайёр карда, аз рўи 9 самти илмӣ аспирант ва аз рўи 10 самти илмӣ докторант бо ихтисоси PhD омода мекунад.
«Айни замон дар донишгоҳ 295 нафар омўзгорон, аз ҷумла 2 академик, 15 нафар докторони илм ва 113 нафар профессорон, дотсентон ва номзадҳои илм ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд»,- иброз дошт Илҳом Амонзода.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






