Илҳом Амонзода: «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда низоми кредитиро ба роҳ монд»

Январь 13, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони рақобатпазирро дар риштаи технологияи саноати сабук ва хўрокворӣ тайёр менамояд. Донишгоҳ яке аз аввалин шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст. Дар ин бора Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда илова намуд, ки донишгоҳ аз рўи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўи 41 ихтисос дар зинаи магистратура мутахассис тайёр карда, аз рўи 9 самти илмӣ аспирант ва аз рўи 10 самти илмӣ докторант бо  ихтисоси PhD омода  мекунад.
«Айни замон дар донишгоҳ 295 нафар омўзгорон, аз ҷумла 2 академик, 15 нафар докторони илм ва 113 нафар профессорон, дотсентон ва номзадҳои илм ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд»,- иброз дошт  Илҳом Амонзода.

Январь 13, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст