Имрӯз дар Душанбе мусобиқа барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе оғоз меёбад. Тибқи тақвими муайяншуда дар соати 13:30 дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Хайр»-и Ваҳдат вориди майдон мешаванд. Гузаронидани вохӯрии дуюм дар ин майдон бо иштироки дастаҳои «Барқчӣ» ва «Истиқлол» (ҳайати ҷавонон) дар соати 15:00 дар назар аст.
Тавре хабар дода будем, тибқи қуръакашӣ 9 дастаи минтақаи марказ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд ва ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир», «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва Кӯктош (Рӯдакӣ), ба гурӯҳи «В» «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ», «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр»(Ваҳдат) шомил шуданд.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар як давр бо ҳам рақобат мекунанд ва аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд ва 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.
Тақвими мусобиқа дар минтақаи Душанбе
Даври 1
26 январ (панҷшанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Хайр»
15:00 «Барқчӣ» — «Истиқлол»
27 январ (ҷумъа)
12:30 «Регар-ТадАЗ» — «Локомотив-Помир»
15:00 КМВА «Помир»- «Кӯктош»
Даври 2
28 январ (шанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Истиқлол»
15:00 «Баркчӣ» — «Хайр»
29 январ (якшанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Кӯктош»
15:00 «Регар-ТадАЗ»-КМВА «Помир»
Даври 3
30 январ (душанбе)
12:30 «Ҳосилот» — «Барқчӣ»
15:00 «Истиқлол» — «Хайр»
1 феврал (чоршанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Локомотив-Помир»
15:00 «Регар-ТадАЗ» — «Кӯктош»
Даври 4
3 феврал (ҷумъа)
12:30 «Ваҳдат» — КМВА «Помир»
15:00 «Локомотив-Помир» — «Кӯктош»
Даври 5
6 феврал (душанбе)
12:30 «Ваҳдат» — «Регар-ТадАЗ»
15:00 КМВА «Помир» -«Локомотив-Помир»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






