«Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» дар осорхонаи вилоятии Хатлон
ҚӮРҒОНТЕППА, 06.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар осорхонаи вилоятии ба номи «Авасто»-и Хатлон дар мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» ҷамъомад доир гардид. Дар он донишҷӯён ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва аъзои маҳфилҳои назди осорхона иштирок доштанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Иштирокчиёни ҷамъомад дастгирии худро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда, соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017- ро хеле хуш пазируфтанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҷамъомад ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






