«Истиқлол» марҳалаи омодагиро дар Туркия идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки тайёриро ба мавсими нав дар Туркия идома медиҳад, дирӯз бозии навбатии санҷишии худро бо дастаи «Пандурий»-и Руминия баргузор кард. Тавре сомонаи расмии «Истиқлол» хабар медиҳад, ин бозӣ бо натиҷаи 0:1 бо ғалабаи футболбозони «Пандурий» ба охир расид. Голи ягонаро Драгош Фиртелеску дар дақиқаи 33-юм ба нишон расонд.
Ин вохӯрии 3-юми «Истиқлол» дар Туркия аст. Аз ин пештар дастпарварони Мӯҳсин Муҳаммадиев бо «Интер»-и Озарбойҷон (1:2) ва «Қайсар»-и Қазоқистон (1:3) бозии санҷишӣ гузаронида буданд.
Дар идомаи тайёриҳо ба мавсими соли 2017 «Истиқлол» дар Туркия боз як вохӯрии санҷишии худро бо КФ «Енисей»-и Россия мегузаронад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Пандурий» (Руминия) 0:1
Муаллифи гол: Драгош Фиртулеску, 33.
Ҳайати «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 72), Артем Барановский (Соҳиб Саванқулов, 78), Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 83), Муҳаммад Ҳасан (Дилшод Восиев, 80), Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 69), Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков, Ристо Ристович (Эҳсони Панҷшанбе, 69), Манучехр Ҷалилов (Сиёвуш Асроров, 75).
Довари майдон: Ясин Дуран (Туркия).
26 январ. Сиде (Анталия). Маҷмааи варзишии «Эмирхан».
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






