Кӯлоб: баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об»

Январь 13, 2017 11:24

ҚӯРҒОНТЕППА, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳамовозӣ аз ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.
Конфронс аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати аввал-ҷаласаи пленарии он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират  Хидирзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вобаста ба мавзӯи «Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» сухан гуфтанд.
Дар қисми дуюми  ҷаласаи корӣ 12 маърӯзаи илмии олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Январь 13, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст