Карякин -чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмоти суръатнок (Blitz)

Январь 3, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 3.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози рус Сергей Карякин дар чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти суръатнок (Blitz), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ба анҷом расид, унвони чемпиониро сазовор шуд. Дар ин бора «gazeta.ru» хабар медиҳад.
Сергей Карякин дар даври охири мусобиқа аз Магнус Карлсени норвегӣ имтиёзи бештар гирифта, аз рӯи нишондодҳо пешсаф шуд ва унвони чемпиони ҷаҳонро аз нав соҳиб гардид. Дар мусобиқаи мазкур Даниил Дубов аз Россия мақоми сеюмро ба даст овард.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли равон Карякин ва Карлсен дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти классикӣ бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Аз натиҷаи бозиҳои тай- брек Карлсен унвони чемпини ҷаҳонро ба даст оварда буд.

Январь 3, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд