Кишварзода: «Кормандони фурудгоҳ бояд дорои фарҳанги баланди муошират бошанд, зеро фурудгоҳ «дарвоза»-и кишвар аст»

Январь 13, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Кормандони фурудгоҳ ва сохторҳои он  бояд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон, хусусан дар муносибат бо мусофирон ва шаҳрвандони хориҷӣ аз худ одобу  муошират ва маданияти баланд нишон диҳанд, зеро фурудгоҳ «дарвоза»-и кишвар буда, одобу рафтори ҳар як корманди фурудгоҳ муаррифгари фарҳанги баланди муоширати миллатамон аст». Ин матлабро  Абдурашид Кишварзода,  прокурори  нақлиёти Тоҷикистон  зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи муштараки кормандони ширкатҳои миллии  ҳавонавардӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баён намуд.
Зимни ташреҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар зикр шуд, ки  Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар санади муҳим дар самти рушди бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Абдурашид Кишварзода, прокурори  нақлиёти кишвар ҳангоми тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумон аз кормандони  сохтору ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» даъват ба амал овард, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, муҳаббату садоқат ба миллату давлат зоҳир намуда, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон, таъмини суботи кишвар ва ҳифзи  арзишҳои миллӣ   устувор ва содиқ монанд ва дар мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.

Январь 13, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст