КМТ: Соли 2016 хонандагони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ бо беш аз 5 ҳазор адабиёти нодир ошно шуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба 5017 нафар хонанда хизмат расондааст, ки нисбат ба як соли пеш 2416 нафар зиёд мебошад. Дар як сол хонандагони шуъба бо 5 ҳазору 920 адабиёти нодир ошно шудаанд.
Тавре аз Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ хабар доданд, «бо истифода аз технологияи муосири иттилоотии компютерӣ, сабти номи муштариёни шуъба дар рўйхати электронии ташрифи хонандагон ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин 6407 баргаи анъанавии феҳристи шуъба ба шакли электронӣ гардонида шуд, ки бо истифода аз ин усул, барқарор ва таҷдиди баргаҳои фарсудашудаи анъанавӣ ба роҳ монда шуд»,- хабар дод манбаъ.
Маврид ба таъкид аст, ки Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз бахшҳои муҳим дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии фаъолияти шуъба ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир ва осори илмию адабии камистифодашаванда ва иҷрои дархостҳои хонандагон барои мутолиаи адабиёти илмию бадеӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






