Кормандони САҲШ-и шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Чӯянгарон перомуни Паёми Сарвари давлат суҳбат карданд
ВАҲДАТ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бо иштироки кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва масъулини ҷамоат оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», оид ба баъзе тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷиҳати номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллӣ, оқибати манфии никоҳи хешутаборӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ бо ҷавонони ҳудуди ҷамоат вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат Сайёра Амонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Муслима Миразизова иброз намуд, ки барои татбиқи нақшаи дурнамои Паём мутахассисони соҳибмаълумоту варзида заруранд, зеро ояндаи кишвар аз ҷавонон вобаста аст.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад Сайёра Амонова ҷавононро ба ваҳдату ягонагӣ, волоияти қонун, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, танзими тӯю маъракаҳо, устувории оилаҳо, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободкорию созандагӣ даъват намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






