М. Шоҳиён: «Чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ дар соли 2016 дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ инъикос ёфтанд»

Январь 13, 2017 13:38

Кум Телевизион (5)ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён  имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки «Кумита дар соли 2016 фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҳамаи чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалиро дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ инъикос намуд».
Раиси Кумита ифтитоҳи МД телевизионҳои «Варзиш», Синамо ва МД «Академияи ВАО»-ро дар соли 2016 дастоварди муҳими Кумита арзёбӣ кард. Ҳамчунин дар ин давра шабака 72 филми мустанад ва ҳунариро тарҷумаву дубляж карда, намоишҳои «Нигораҳои нодир», «Файзи диёр», «Нури истиқлол», «Соҳибҳунар», «Сайри диёр» ва силсилаи лавҳаҳоро омода ва пешниҳоди бинандагон намуд. Дар маҷмӯъ дар давоми соли 2016 роҷеъ ба мавзӯъҳои амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи замин, рушди боғдорию картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа беш аз 400 шарҳу гузориш омода ва пахш гардиданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи сатҳи гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, сатҳи барномарезӣ ва дарёфту интиқоли иттилоот, муҳтавою мазмуни барномаҳои телевизионӣ, таҳлил, баррасӣ ва расонидани иттилоот ба бинанда, пешгирии ривоҷи терроризм ва ташвиқу иқдомҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ин мавзӯъ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ ва радиоӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, рушди синамои тоҷик, ҷалби мутахассисони варзида ба телевизион ва радиои тоҷик, доираи фарогирии аҳолӣ бо мавҷҳои телевизионӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи Кумита ҷавобҳои муфассал дода шуд.

Январь 13, 2017 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст