Мақоми фарҳанги мусиқӣ дар тарбияи маърифатии насли наврас

Январь 6, 2017 15:11

ДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар мавзӯи «Мақоми фарҳанги мусиқӣ дар тарбияи маърифатии насли наврас» вохӯрӣ бо хонандагони мактаби таълимоти миёнаи умумии №11 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Осорхона Юсуф Шоев оид ба мавзӯъҳои «Аҳамияти омӯзиши мероси мусиқии миллӣ», «Мақоми муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ дар ташаккул ва тарбияи фарҳангии насли наврас», «Ҷавонон ва мавқеи онҳо дар тадриси маърифати ҷомеа», ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сухан карда, таваҷҷуҳи насли наврасро ба мероси гаронбаҳои мусиқии миллӣ ҷалб намуд.

Январь 6, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст