Маҳрез-беҳтарин футболбози қитъаи Африка
ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Рияд Маҳрез аз рӯи пурсиши Конфедератсияи футболи Африка (КФА) беҳтарин футболбози ин қитъа дар мавсими соли 2016 эълон шуд. Дар ин бора «euronews.com» хабар медиҳад.
Ҳамлагари дастаи «Лестер Сити» аввалин футболбози кишвари Алҷазоир мебошад, ки аз замони таъсиси ин унвон (соли 1992) ба гирифтанаш мушарраф шудааст. Маҳрез дар мубориза бо футболбози фаронсавӣ-габонӣ, ҳамлагари дастаи «Боруссия»-и Дортмунд Пер-Эмерике Обамеянг 50 имиёзи бештар гирифт.
Мақоми сеюм насиби бозингари дастаи «Ливерпул» Садо Мане аз Сенегал дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ дар пойтахти Нигерия- Абуҷа дастаи мунтахаби Уганда, ки бори аввал дар таърихаш ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Африка роҳхат гирифтааст, ба ҳайси беҳтарин дастаи мунтахаби ин қитъа интихоб шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






