Марги чемпиони Аврупо Виктор Тсарев дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад
ДУШАНБЕ, 3.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ бозингари дастаи «Динамо»-и Москва ва дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Тсарев дар 86-солагӣ аз дунё гузашт. Дар ин бора сайти клуби футболи «Динамо» дар Twitter хабар медиҳад.
Виктор Тсарёв яке аз муҳофизатгарони беҳтарин дастаи «Динамо» ба ҳисоб рафта, аз соли 1955 то 1966 дар ҳайати он бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ 4 маротиба унвони чемпиони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуда, дар 298 бозии даста ширкат намуд ва ба дарвозаи ҳарифон 12 тӯб ворид кард.
Дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз ҳунарнамоии ин футболбози мумтоз баҳра бурда, дар 12 бозиаш Виктор Тсаревро истифода бурдааст. Ӯ соли 1960 ба унвони чемпиони Аврупо соҳиб гардид.
Баъди анҷоми ҳунарнамоӣ дар майдони футбол Виктор Тсарев ба ҳайси мураббии дастаи «Динамо» ва дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият кардааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






