Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир ёфт

Январь 13, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 13.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 12 январ нашр шуд, мавқеашро дигар карда, се зина поён рафт ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар мавқеи 132-юм қарор гирифт.
Миёни дастаҳои КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) Тоҷикистон дар мақоми 21-ум мебошад.  Эрон мисли пешина дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 29-ум), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дуюм (дар ҷаҳон 37-ум) ва Австралия дар ҷойи сеюм (дар ҷаҳон 44-ум) қарор доранд.
Дар садри раддабандии ФИФА тағйирот ба назар намерасад. Дастаи мунтахаби Аргентина  бо 1634 имтиёз дар ҷойи аввал, дастаи мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дуюм ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ дар таснифоти нав Украина (30-юм), Россия (56-ум) ва Ӯзбекистон (61-ум) дар се зинаи авваланд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин ҷадвал  аз Туркманистон (143) ва Молдова (164) пеш аст.

Январь 13, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд