МД «Ҷаҳоннамо» «Дурахши истеъдод», «Иқлими ҷаҳон», «Сайёраи мо» ва «Муҳоҷират»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасмим гирифтааст, ки чанд лоиҳаи нав, аз қабили «Даҳ далел», «Мунозира», «Дурахши истеъдод», «Набзи ҷаҳон», «Сайёраи мо», «Саҳнаи рӯз», «Сози мусиқӣ», «Чеҳраи таърих», «Иқлими ҷаҳон», «Инсон ва ҷомеа», «Набзи замон», «Дидаи бедор», «Муҳоҷират» ва «Акси рӯз»-ро таҳия ва пешниҳоди тамошобинон намояд. Ин матлабро Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Маҳмадсаид Шоҳиён ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин барномаҳо навигариҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа инъикос мешаванд.
Ба иттилои роҳбарияти Кумита, дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба таври расмӣ дар Федератсияи Россия бунгоҳи хабарии муассиса дар ҳайати ду нафар корманди варзида таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз кард. Соли 2016 муассиса бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи техникӣ ва савияи касбӣ муҳимтарин рӯйдодҳои ҷомеаи ҷаҳонро тавассути нашрҳои кӯтоҳмуддати иттилоотӣ манзури бинандагон гардонида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Ба андешаи раиси Кумита, дар баробари пешравиву муваффақиятҳо дар ҷараёни кори муассиса баъзе норасоиҳо мушоҳида шуданд, ки ба фаъолияти минбаъдаи бенуқсони он таъсири худро расонданд. Чунончи, пурра бо кадрҳои баландихтисоси эҷодиву техникӣ таъмин набудани муассиса, таъсис наёфтани бунгоҳҳои хабарӣ дар хориҷи кишвар, суст ҷараён гирифтани раванди навсозии парки техникии муассиса, бахусус таҷҳизоти муосири телевизионӣ, студияи сайёри телевизион (ПТС), интиқолдиҳандаи маҳсулоти аудиовизуалӣ (флайка) ва бо камераҳои ҳозиразамони наворбардорӣ муҷаҳҳаз набудани муасиса ба фаъолияти шабонарӯзии шабака таъсири манфӣ мерасонад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






