Муҷозот барои надонистани забон

Январь 6, 2017 15:24

01ДУШАНБЕ, 6.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти КФ «Бавария»-и Олмон Ули Хеннесс легионерҳои дастаашро маҷбур кардааст, ки забони немисиро аз худ намоянд. Дар ин бора «Bild» хабар медиҳад.
«Дар хонаи либоспӯшии футболбозони даста бояд забони немисӣ садо диҳад. Забон ҳамаро муттаҳид мекунад. Дар дигар ҳолат ба гурӯҳҳо ҷудо шудани бозингарон ба вуҷуд меояд. Агар легионерҳо забони немисиро наомӯзанд, ба онҳо муҷозот муқаррар мешавад. Легионерҳо ҳар рӯз агар ду соати худро ба омӯхтани забони немисӣ сарф кунанд, ин натиҷаи аъло медиҳад»,-гуфтааст Хеннесс.
Дар ҳайати дастаи «Бавария» соли равон номи 17 бозингари легионер сабт шудааст. Ин шумора дар мавсим аз рӯи дархости даста ба 41 адад мерасад.
Бозии навбатии худро «Бавария» дар Бундеслига 20 январ дар меҳмонии КФ «Фрайбург» мегузаронад. Баъди 16 давр Бавария дар мақоми аввал ҷой гирифта, аз КФ «Лейптсиг» се хол бештар дорад.

Январь 6, 2017 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст