Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода як ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Халқии Хитой-намояндагони Ҳизби Коммунистии Хитой таҳти роҳбарии муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ Шэн Чуняоро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мулоқот, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, хеле судманд ва самимӣ ҷараён гирифт.
Саидмурод Фаттоҳзода Хитойро яке аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳкиму густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Хитой яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Инчунин байни ин кишварҳо муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба манфиати халқу миллатҳои ҳар ду ҷониб мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, муовини котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ низ аз робитаҳо ва ҳамкории Хитою Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой Тоҷикистонро яке аз наздиктарин ҳамсояҳои худ ҳисобида, ҳамеша барои тақвияти муносибот бо ин кишвари дӯст аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки байни Тоҷикистон ва Хитой тақрибан 200 санад ба имзо расидааст, ки барои таҳкими ҳамкории дуҷониба заминаи муносиб фароҳам меоранд. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Хитой дар ҳоли афзоиш қарор дошта, аз 2 миллиард доллар зиёд мебошад.
Баъди мулоқоти хоссаи ҳайатҳо мулоқоти васеи ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён бо ҳайти васеи давлати Хитой ва фаъолони ҲХДТ, махсусан аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ доир гардид.
Мудири шуъбаи таблиғот, ташвиқот ва тарғиботи дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов ҳадаф ва мақсади сафари ин ҳайатро дар таҳким бахшидан ба корҳои ҳизбии байни ду давлат маънидод карда, зикр намуд ки ташрифи намояндагони воломақоми ин кишвари ба мо дӯст ба ин таҳким замина мегузорад.
Тавре ки Маҳмадулло Наимов иброз намуд, ин сафар барои боз ҳам равнақу ривоҷ додани корҳои ҳизбӣ ва махсусан тақвият бахшидани Барномаи ҲХДТ, ки дар Анҷумани 12-ум моҳи декабри соли 2015 қабул гардид, дар ҳафт самт ва 21 бахш, яъне боз ҳам ривоҷ додани ҳамкории иқтисодӣ, махсусан тақвият бахшидани лоиҳаҳои якҷояи ҳамкорӣ барои ривоҷу равнақи иқтисодиёти ояндаи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба андешаи фаъолони ҲХДТ, ин мулоқотҳои судманд барои таҳким бахшидан ба ҳамкорӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст, инчунин барои боз ҳам баланд гардидани рушди иҷтимоиву иқтисодии давлати Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар назар аст, ки меҳмонон дар доираи сафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» боздид ба амал оварда, бо роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, инчунин намояндагони ВАО вохӯрӣ доир намоянд.












Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






