Н. Давлатзода: «Беш аз 6000 ҳолати ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор шуд»

Январь 20, 2017 11:45

Кум Андоз (4)ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 6200 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардид. Ин шахсон ба қайд гирифта шуданд ва бо патенту шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ гузаронидани корҳои назоратӣ зиёда аз 24 ҳазору 600 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 307 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 170,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Январь 20, 2017 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад