Носирҷон Салимӣ: «Китобҳои дарсӣ ва илмиро бо назардошти навигариҳои ин соҳа бояд омода ва нашр намоем»

Январь 10, 2017 14:12

pedinstitut-5ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотии ин ниҳод баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Носирҷон Салимӣ, Ректори ДДОТ зимни нишаст иброз дошт, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар самти фаъолияти байналмилалӣ дар соли 2016 созишномаҳои ҳамкориро бо Донишгоҳи федералии Қазон (Федератсияи Россия), Донишкадаи механика ва математикаи ба номи Лобачевский ва Ташкилоти «Миссияи Шарқ» оид ба тайёр намудани мутахассисони «Таҳсилоти фарогир» ба имзо расонид.
«Соли сипаригардида 15 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавр барои идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Песков ва 8 нафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон қабул гардиданд»,-зикр кард Носирҷон Салимӣ дар масъалаи идома додани таҳсили хатмкунандагон дар зинаҳои болоии таҳсил.
Носирҷон Салимӣ илова кард, ки бо сабаби он, ки дар замони рушди баланди илмӣ қарор дорем, моро мебояд китобҳои дарсӣ ва илмиро бо назардошти навигариҳои ин соҳа ва беҳтар намудани сатҳи донишу малакаи донишҷӯён омода ва нашр намоем.

Январь 10, 2017 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст