Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми кишвар аввалин шуда ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳад

Январь 6, 2017 10:51

nuriddin-saidДУШАНБЕ,06.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 9 январи соли 2017 дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи кишвар нишастҳои матбуотӣ оғоз гардида, муддати як моҳ роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба фаъолияти мақомоти марбута дар зарфи 6 моҳи соли 2016 ва нақшаю дурнамояшон барои соли 2017 посух медиҳанд.
Худоберди ХоликназаровТибқи нақшаи аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ тасдиқшуда, 9 январ аввалин шуда роҳбарони ду ниҳод- директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид зимни нишсти матбуотӣ, ки дар маркази матбуоти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 40 баргузор мегарданд, дар назди хабарнигорон аз дастовардҳо ва дурнамои соҳаҳо гузориш медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 9:00 ва нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 11:00 баргузор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории нишасти матбуотии вазорату идораҳои кишвар дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 инҷониб дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад. То соли 2011 нишастҳои матбуотӣ ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо рақами 918-21-52-04 тамос гиранд.    

hovar

Январь 6, 2017 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст