Ҳолати ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии об дар минтақаи Кӯлоб ташвишовар аст
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб дар давоми соли гузашта ба 60 493 гектар замини кишоварзони навоҳии минтақа ба андозаи 393 ҳазору 371 метри кубӣ оби полезӣ додааст. Арзиши ин об мутаносибан ба 6 миллиону 343 ҳазору 823 сомонӣ баробар меояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иттиҳодия бо муштариёни хеш ба миқдори беш аз 5 миллион сомонӣ шартномаи дуҷониба ба имзо расонидааст, ки ин нишондод 94 фоизи оби таъминкардашударо ташкил менамояд. Вале мутаассифона, то имрӯз аз ҳисоби маблағи умумии хизмати расонидашуда ҳамагӣ 45 фоизи он пардохт карда шудаасту халос.
Ҷамъоварии ҳаққи хизматро Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ихтиёр дорад.
«Агар ин масъала ҳалли саривақтии худро пайдо насозад, мо дар таъмиру омода кардани дастгоҳҳои обкашӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншооти гидротехникӣ имкон пайдо карда наметавонем»,-илова намуд сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб А. Маҳсуддинов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






