Омӯзгорону донишҷӯён тавассути хатсайр ба саёҳат мебароянд

Январь 27, 2017 09:11

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 27 январ 182 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб тавассути хатсайр ба роҳ мебароянд.
Тавре ноиби ректор оид ба тарбияи донишкадаи мазкур Зулфия Ахмедова иттилоъ дод, сафари саёҳатӣ дар доираи таътили зимистона ва арафаи таҷлили иди Наврӯз тавассути хатсайри Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, омӯзгорону донишҷӯён аввал аз ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон дидан намуда, баъд ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мераванд. Баъд аз боздид аз минтақаи озод гурӯҳи устодону донишҷӯёни донишкада ба шаҳри Кӯлоб сафар менамояд.
28 январ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб форуми ҷавонон баргузор мешавад.

Январь 27, 2017 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст