«Ҳосилот»-и Фархор марҳалаи дуюми омодагиро ба мавсими нав шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 6.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи мавсими соли 2016 марҳалаи дуюми омодагиро ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва мавсими нави футбол шурӯъ кард. Дар ин бора сармураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ба «Ховар» хабар дод.
Дастаи «Ҳосилот» машқҳои худро дар марҳалаи дуюм низ дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Ба гуфти сармураббии даста якҷоя бо ҳайати соли гузаштаи «Ҳосилот» легионерҳои ганагӣ- Агблей Ҷонес, ки дар марҳалаи аввали соли гузашта дар ҳайати дастаи «Хайр» бозӣ мекард, ҳамчунин Мӯсо Содиқ ва Гершон Акуфо машқ мекунанд. Боз ду нафар легионгере, ки ба даста омада буданд, аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан аз машқҳо озод карда шуданд.
«Ҳосилот» дар як бозии санҷишӣ бо чемпиони мамлакат- «Истиқлол»-и Душанбе натиҷаи мусовии 2:2-ро комёб шуд. Даста бозии санҷишии навбатии худро рӯзҳои наздик бо дастаи мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии нахустини плей-оффи Ҷоми КФО бо дастаи «Шоҳин Асмоӣ» -и Афғонистон қувва меозмояд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 31 январ барпо мегардад, аммо то ба ҳол макони баргузории бозӣ муайян нашудааст. Вохӯрии ҷавобӣ рӯзи 7 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






