Озмуни ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем» ҳаҷвнигоронро интизор аст
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» моҳҳои январ-марти соли равон дар ду марҳила баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Озмун бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани чеҳраҳои нав, ҷалби мардум ба ҳаҷву мутоиба ва истироҳати бофароғат, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷомеа гузаронида мешавад.
Дар даври ҷамъбастии озмун ҳаҷвнигорон аз водии Ҳисор, минтақаи Рашт, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон иштирок мекунанд.
Даври ҷамъбастӣ 2-3 марти соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






