Пагоҳ дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозии «Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот» баргузор мешавад

Январь 30, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишварамон бозии байни дастаҳои «Шоҳин Асмоӣ» (Афғонистон) ва «Ҳосилот» (Тоҷикистон) дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 15:30 дар назар аст.
Ба ин муносибат имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиён ва капитанҳои дастаҳои «Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор доир гардид. Сармураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев арз кард, ки давоми як моҳ футболбозони даста барои ин бозӣ омода шудаанд ва роҳбарият ҳам вазифа гузоштааст, ки ба бозиҳои гурӯҳӣ роҳхат гиранд. Аз рӯи гуфти ӯ, даста барои амалӣ кардани ин вазифа омода аст.
«Аз ҳафт легионере, ки ба даста омада буданд, бо чор нафарашон то анҷоми мавсими соли 2017 шартнома баста шуд. Рӯҳияи бозингарон болида аст. Мо дар бораи ҳарифамон -«Шоҳин Асмоӣ» маълумоти муфассал дорем ва бозиҳои онро тамошо кардем. Мубориза пуршиддат мегузарад ва мо ба он тайёрии пухта дидаем»,-гуфт Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.
Ба саволҳои хабрнигорон капитани «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов ҳам ҷавоб гуфта, мухлисонро даъват кард, ки ба варзишгоҳ биёянд ва футболбозонро дастгирӣ кунанд.
Дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи «Шоҳин Асмоӣ» Боир Эгамбердиеви тоҷикистонӣ, ки ин дастаро се сол ба унвони чемпиони Афғонистон расонидааст, гуфт: «Мо ҳама бозиҳои байналмилалиро дар хориҷ аз кишвар мегузаронем, аммо ният дорем, ки дар муқобили «Ҳосилот» бозии зебо нишон диҳем. Мактаби мураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев «Регар ТадАЗ»-ро борҳо чемпиони Тоҷикистон кардааст. Барои тими мо ва «Ҳосилот» бозии аввалин барои Ҷоми КФО қадами аввалин ва муҳим аст. Дар дастаи мо танҳо аз «Ҳарируд» се нафар бозингарони пешина баргаштаанд ва мо легионер надорем».
Капитани дастаи «Шоҳин Асмоӣ» Самиъуллоҳ Муҳаммадӣ қаноатмандии худро аз мухлисони футболи Афғонистон, ки дар вақти тамринҳои «Шоҳин Асмоӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъ меомаданд, баён карда, изҳор дошт, ки дар рӯзи вохӯрӣ бо «Ҳосилот» онҳо ба варзишгоҳ меоянд ва якҷоя бо мухлисоне, ки аз Афғонистон низ барои дастгирӣ хоҳанд расид, «Шоҳин Асмоӣ»-ро мухлисӣ мекунанд.
Ба ҳамин тартиб, мо пагоҳ, соати 15:30 ба вақти Душанбе аввалин бозии плей оффи Ҷоми КФО-ро бо ширкати мизбон-«Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор тамошо хоҳем кард.
Дар ин рӯз ҳамчунин «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон дар бозии плей-оффи дуюм вориди майдон мешаванд.

Январь 30, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд