Пагоҳ роҳбарони Кумитаи рушди маҳал ва Саридораи геология фаъолияти худро барои хабарнигорон тавзеҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ оғоз гардиданд. Аксари ин нишастҳо дар маркази матбуоти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 40 баргузор мегарданд. Пагоҳ тибқи нақшаи тасдиқшуда нишастҳои матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баргузор мегарданд. Зимни нишастҳо роҳбарони ин ниҳодҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО гузориш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 9:00 дар бинои худи Кумита, кӯчаи Лоиқ Шералӣ 3, нишасти Саридораи геология соати 9:00 дар бинои Саридораи геология, кӯчаи М. Турсунзода, 27, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соати 10:00 дар толори Донишгоҳ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ соати 11:00 дар маркази матбуоти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 40 доир мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






