«ПАЙКИ НАВРӮЗ!»

Январь 5, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 5.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ин унвон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои беҳтарин хабар, гузориш ва мусоҳиба озмуни кушод эълон менамояд.

Озмун аз 15 январ то 15 марти соли равон гузаронида мешавад. Дар озмун рӯзноманигорони касбӣ, адибон, донишмандон ва дигар довталабон иштирок карда метавонанд.

Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ба талаботҳои асосии ин се жанр ҷавобгӯ буда,   бо ҳуруфи андозаи 14 Palatino Linotype  ё Times New Roman Tj омода шуда бошад.

Матнҳо бо дархост (ном, насаб ва номи падар, вазифа, рақами телефон ва почтаи электронӣ) қабул карда мешаванд. Довталабон бояд матнҳои худро ба суроғаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, х. Рӯдакӣ, 40,  ба почтаи электронии info@khovar.tj ва ё niat@khovar.tj ирсол намоянд.

Ғолибони озмун бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Январь 5, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст