Р. Аҳмадзода: 10247 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд

Январь 16, 2017 15:16

Заминсози (4)ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ, пахта, картошка ва кишти такрорӣ гузаронида шуд. Натиҷаи ченакҳои назоратӣ нишон дод, ки дар майдони 224618 га, аз он 97347 га обӣ кишти зироати тирамоҳӣ, 160596 га кишти пахта, 20699 га кишти каротошка ва дар майдони 69852 га, аз он 69746 га обӣ кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Аҳмадзода Раҷаббой, Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳои ба анҷом расонидаи Кумита нишон доданд, ки ҳамагӣ дар соли 2016, майдони 12830 га, аз он 10247 га корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Бо сабаби бад будани ҳолати мелиоративӣ 9181 га ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3649 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
«Баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» то 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 174 ҳазору 837 ададро ташкил дода, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин таъмин карда шудаанд»,- зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Январь 16, 2017 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ