Раҳимҷон Саидов: «Дар назар аст байни Тоҷикистон ва Хитой хатсайрҳои нав кушода шаванд»

Январь 26, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 26 январ Раҳимҷон Саидов, муовини директори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар назар аст байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой хатсайрҳои нав кушода шаванд.
«Гуфтушунидҳо дар мавриди кушодани хатсайрҳои нав байни Ҷумҳурии халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Аз ҷумла, ду маротиба гуфтушунидҳо байни Хитой ва Тоҷикистон доир шуданд. Рӯзҳои наздик бори дигар вохӯрӣ доир мешавад. Дар ҳолати ба мувофиқа расидани тарафҳо хатсайрҳо кушода мешаванд»,- гуфт муовини директори КВД «Тоҷикаэронавигатсия».

Январь 26, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд