Рашт: Барои амалишавии ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҷомеа зарур аст, ки софдилона хизмат намоем
ДУШАНБЕ, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарият, кормандони ташкилоту муассиса, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ноҳия ҷамъомад доир гардид, ки дар он бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд. Дар ин бора Ҳамдулло Шарифзода роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Раиси ноҳия, узви МММО ҶТ Қаноатшо Лоиқзода иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мам-лакат дар як давраи муайян ҷамъбаст гардида, бобати ноил шудан ба дасто¬вард¬ҳои боз ҳам назаррас дар ояндаи наздик вазифагузорӣ карда шуд. Аз муҳтавои Паёми Роҳбари давлат маълум гардид, ки соли 2016 барои мардуми тоҷик, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Моро зарур аст, ки барои амалишавии ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ноил шудан ба пешравиҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа софдилона хизмат намоем.
Дар ҷамъомад ҳамчунин собиқадори меҳнат Аъзамҷон Ҳасанов, мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказӣ Хайрулло Ғиёсов, директори мактаби таҳсилоти умумии №-1 шаҳраки Ғарм Ибодат Салоҳова, мудири шуъбаи кишоварзӣ Абдуразоқ Саломов ва ду нафар донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт баромад намуда, мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро дар самтҳои гуногун шарҳу тавзеҳ доданд ва аҳли нишастро ҳидоят намуданд, ки дар оянда онро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






