Рекорди ҷаҳонӣ дар бадминтон дигар шуд

Январь 5, 2017 11:40

ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бадминтонбози Россия Владимир Иванов дар бозии инфиродии бадминтон суръати парвози волан (volan-тир ё олоте, ки дар бозии бадминтон чун тӯб истифода мешавад) ро беҳтар карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Дар ин бора варзишгар дар Instagram хабар додааст.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Лакнави Ҳиндустон Иванов бо зарбаи худ суръати воланро ба 419 километр/соат расонида, рекорди ҷаҳониро, ки то ин муддат ба 417 км/соат баробар ва ба варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Юн Сеонг мутаалиқ буд, дигар кард.
Чунин рекорд дар бозии ҷуфти бадминтон ба Тану Боон Хеону аз Малайзия мансуб аст. Вай соли 2013 суръати валанро ба 493 км/соат расонида буд.
Дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Рио-де-Жанейро -2016 Владимир Иванов бо Иван Сазонов дар вохӯрии ¼-ниҳоӣ аз бадминтонбозони Чин Бяо Чай ва Вей Хун мағлуб шуда буданд.

Январь 5, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд