Роҳи оҳани Тоҷикистон бурду бохти соҳаро манзури хабарнигорон мекунад
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 январ соати 14-00 роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об дар назди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳисобот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон посух мегӯянд. Хабарнигорон имкон доранд дар нишаст вобаста ба мушкилот ва пешрафти ин соҳа маълумоти муфассал дастрас намоянд.
Пагоҳ инчунин хабарнигорони дохилию хориҷӣ метавонанд вобаста ба фаъолияти яксолаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», вазъи роҳи оҳани кишвар, интиқоли мусофирон ва пешрафти соҳа маълумоти пурра ва саҳеҳ дастрас намоянд. Нишасти матбуотии ин сохтор дар бинои корхона соати 10-00 баргузор хоҳад гашт.
Дар ин рӯз, аз ҷумла, директори Агентии хоҷагии ҷангали кишвар ба хабарнигорон ҳисобот дода, вобаста ба бурду бохти хоҷагии ҷангал дар соли 2016 ва нақшаҳои ин соҳа иттилои боэътимод медиҳад. Нишасти матбуотии ин сохтор дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» соати 11-00 ҷараён мегирад.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






