Роҳпаймоии гурӯҳи ҳазорнафараи ҷавонон дар ноҳияи Ашт
ДУШАНБЕ, 26.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар ноҳияи Ашт бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 раҳпаймоӣ доир гардид. Дар он зиëда аз 1000 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён бо шиору овезаҳо ва парафшон кардани Парчами давлатӣ то Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов раҳпаймоӣ намуданд.
Баъд аз роҳпаймоӣ Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Аз ин ҷост, ки дар Паëми навбатии худ соли 2017-ро дар қаламрави мамлакат Соли ҷавонон эълон карданд.
Зариф Мирдадо иброз дошт, ки эълон гардидани Соли ҷавонон амри таърихӣ буда, дар рушди сиëсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватанпарастонаи онҳо нақши назаррас дорад. Имрӯз масъалаи пайвастани ҷавонон ба равияҳои тундгаро ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва мебояд корро дар ин самт ҷоннок намуд.










Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






