Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия
ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатиро оғоз карданд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд, дар ин самт айни замон ҶДММ «Роҳи Абрешим» пешсаф аст.
Аз ҷумла, 13 январи соли равон гурӯҳи 16-нафара, 16 январ гурӯҳи 20-нафара, 19 январ 2 гурӯҳи иборат аз 6 ва 13 нафар, 20 январ гурӯҳи 35-нафара ва 24 январ гурӯҳи 42-нафара аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Абрешим» ба шаҳрҳои Тюмен ва Красноярски Федератсияи Россия сафарбар гардиданд. Ин нафарон барои 1 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.
Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Раёсат бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин гардида, бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






