Санъат Раҳим: «Дар пардохти ҷуброни зарар ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ тағйирот ба амал омад»
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2016 аз ҷониби нозироти Хадамоти мазкур 33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи онҳо 21 кас ҳалок гардида, 21 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Санъат Раҳим ҳамчунин зикр кард, ки баъди қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар пардохти маблағи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагон тағйирот ба амал омад.
«Дар бандҳои 5 ва 6-и моддаи 343-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба оилаи ў илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ў буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд», — зикр кард Санъат Раҳим зимни шарҳи ин масъала.
Вобаста ба ин мавзӯъ Санъат Раҳим ҳамчунин таъкид намуд, ки дар банди 7-и моддаи 343-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайри қобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рўзи фавти ў ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ў таваллуд шудааст, мегузарад.













ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






